Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛФТ САНАИ БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЧОРЯКФИНАЛИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

25.08.2022

: 272

Лигаи футболи Тоҷикистон санаи баргузории бозиҳои даври ¼-финали Ҷоми Тоҷикистон-2022-ро тасдиқ кард.

Рӯзи 27 август дастаи «Файзканд» бо «Куктош» бозӣ мекунанд. Се вохӯрии дигари чорякфинал 28 август баргузор мешавад. Дар ин рӯз «Эсхата» бо КМВА, «Саройкамар» бо «Хатлон» ва «Истиқлол» бо «Равшан» (Кӯлоб) вомехӯранд.

Бозиҳои даври ¼-финали Ҷоми Тоҷикистон-2022 аз як бозӣ иборат аст. Дар сурати мусовӣ анҷом ёфтани вақти асосӣ, ду қисми иловагии 15-дақиқаӣ таъйин карда мешавад. Агар ғолиб дар ин муддат ҳам маълум нашавад, бар асоси муқаррароти ФИФА ғолиб дар силсилазарбаҳои 11-метра муайян карда мешавад.

Ҷоми Тоҷикистон-2022
Даври ¼-финал

27 август (шанбе)
Оғоз – соати 16:00
«Файзканд» – «Куктош»
Рудакӣ, варзишгоҳи «Нефтяник»

28 август (якшанбе)
Оғоз – соати 16:00
«Эсхата» – КМВА
Хуҷанд, варзишгоҳи «Спартак»

«Саройкамар» – «Хатлон»
Панҷ, Варзишгоҳи марказӣ

Оғоз – соати 18:30
«Истиқлол» – «Равшан» (Кӯлоб)
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ