Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: “ХАТЛОН” БА ҶОИ АВВАЛ БАРОМАД

25.08.2022

: 184

24 август се бозии мавқуфмондаи марҳилаи аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ доир гардиданд.

Дар бозии мавқуфмондаи даври дуюм “Равшан”-и Кӯлоб ва “Истиқлол”-и Душанбе ба дарвозаи ҳамдигар гол назаданд – 0:0.

Дар ду бозии мавқуфмондаи даври нуҳум бошад, “Хатлон” бар тими КМВА ва “Хуҷанд” бар дастаи “РегарТадАЗ” бо ҳисоби якхелаи 3:0 пирӯз шуданд. Голҳоро дар ҳайати “Хатлон” Нуриддин Ҳамроқулов, Саидшо Бозоров ва Тоҳир Тағойзода заданд. Дар ҳайати тими “Хуҷанд” бошад, Далер Ёдгоров ду гол, Сергей Сканян як гол ба номашон навиштанд.

Дар даври чордаҳум вомехуранд:

2 сентябр (ҷумъа)
Оғоз – соати 17:00
«Эсхата» – «Регар-ТадАЗ»

3 сентябр (шанбе)
Оғоз – соати 17:00
«Истаравшан» – «Равшан» (Зафаробод)
«Равшан» (Кӯлоб) – КМВА

4 сентябр (якшанбе)
Оғоз – соати 17:00
«Хуҷанд» – «Хатлон»
«Файзканд» – «Истиқлол»