Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС ДАР УРДУН ДОИР МЕШАВАД

25.08.2022

: 225

Конфедератсияи бокси Осиё (ASBC) санаи ниҳоӣ ва шаҳрҳои мизбони Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни мардон ва занон, инчунин Чемпионати Осиё оид ба бокс байни мактаббачагонро эълон кард.

Чемпонати Осиё миёни калонсолон аз 30 октябр то 13 ноябри соли 2022 дар шаҳри Аммони Урдун баргузор хоҳад шуд. Моҳи марти имсол пойтахти Урдун мизбони Чемпионати Осиё байни ҷавонон ва наврасон буд, ки дар он варзишгарони мо сазовори 8 медал – 2 нуқра, 6 биринҷӣ – шуда буданд.

Мусобиқаи қаблӣ соли гузашта дар Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуда буд. Ин чорабинӣ ба олимпичиён дар омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио кӯмак кард.

Чемпионати Осиё миёни мактаббачагон (писарон ва духтарон) бошад, аз 27 ноябр то 4 декабр дар Сулаймонияи Ироқ ба нақша гирифта шуд.