Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

САМБО: 14 ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ШИРКАТ МЕКУНАНД

10.11.2021

: 631

12-14 ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо баргузор мешавад.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии самбо, чемпионат аз рӯи самбои варзишӣ миёни мардону занон ва самбои размӣ миёни мардон сурат мегирад. Аввалин маротиба ғолибон дар 7 категорияи вазнӣ дар ҳар се равия муайян мегарданд.

Мардҳо: -58кг, -64кг, -71кг, -79кг, -88кг, -98кг, +98кг; бонувон: -50кг, -54кг, -59кг, -65кг, -72кг, -80кг, +80кг; самбои размӣ: -58кг, -64кг, -71кг, -79кг, -88кг, -98кг, +98кг.

Аз ҷумҳурии мо 14 нафар – 7 нафар дар самбои варзишӣ миёни мардҳо, як нафар миёни бонувон ва 6 нафар дар самбои размӣ дар ин чорабинӣ ширкат мекунанд.

Фонди ҷоизавии чемпионати ҷаҳон оид ба самбо 231 000 долларро ташкил медиҳад. Чемпионҳо 4000 доллари ИМА, барандагони медали нуқра 3000 доллар ва барандагони медали биринҷӣ 2000 доллари ИМА ҷоиза мегиранд.

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо иштироки варзишгарон аз 50 давлат дар назар аст: Алҷазоир, Арманистон, Баҳрайн, Беларус, Бразил, Булғористон, Буркина-Фасо, Венесуела, Гвинея, Гурҷистон, Индонезия, Ирландия, Исроил, Испания, Италия, Камерун, Кипр, Колумбия, Корея, Коста-Рика, Қазоқистон, Қирғизистон, Литва, Македонияи Шимолӣ, Малӣ, Марокаш, Мексика, Миср, Молдова, Муғулистон, Нигер, Нидерланд, Озарбойҷон, Олмон, Руминия, Сербия, Тоҷикистон, Тринидад ва Тобаго, Туркменистон, Узбекистон, Украина, Урдун, Фаронса, Филиппин, Хорватия, Ҷумҳурии Доминикан, ШМА, Швейтсария, Эрон, Юнон ва тими мунтахаби Россия.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон:

Самбои варзишӣ
Мардҳо:
-58кг – Акмалиддин Каримов
-64кг – Хушқадам Хусравов
-71кг – Муҳаммадисо Раҷабов
-79кг – Ҳамроз Раҷабов
-88кг – Зафар Олимшоев
-98кг – Фирдавс Насимов
+98кг – Хуршед Маҷидов

Бонувон:
-59кг – Шоҳида Қаландарова

Самбои размӣ
-58кг – Бобохон Мирзозода
-64кг – Сорбон Латифов
-71кг – Саидҷони Ҳайдар
-79кг – Табрезшо Парпишоев
-88кг – Фаридун Одилов
-98кг – Олимхоҷа Олимов