Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

AIBA ЧҶ-2021 БАЙНИ ЗАНОНРО ТО МОҲИ МАРТИ СОЛИ 2022 МАВҚУФ ГУЗОШТ

11.11.2021

: 600

Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни бонувонро аз моҳи декабри 2021 то моҳи марти 2022 ба таъхир андохт.

Сабаби ин тасмим бӯҳрони коронавирус ва маҳдудиятҳо дар саросари ҷаҳон гуфта шудааст.

AIBA дар як изҳорот гуфтааст, ки "шумораи зиёди федератсияҳои миллӣ дар дохили кишварҳояшон бо вазъияти душвор ва маҳдудиятҳо рӯбарӯ ҳастанд. Ба ин далел шӯрои мудирони AIBA дар мувофиқа бо Федератсияи бокси Туркия тасмим гирифт, ки чемпионати ҷаҳон миёни бонувонро ба моҳи марти соли 2022 мавқуф гузорад".

Истанбул бояд ин чорабиниро аз 6 то 19 декабр баргузор мекард.

"Мо медонем, ки баъзе дастаҳо аллакай омодагиро ба ин чорабинӣ оғоз кардаанд ва ноумед хоҳанд шуд, - гуфтааст президенти AIBA Умар Кремлев. - Аммо, бехатарӣ ва солимии варзишгарон, намояндагони расмӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор барои мо авлавият дорад ва аз ин рӯ, наметавонем хатари идомаи ин чорабиниро ба дӯш гирем".