Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ИСТИҚБОЛИ ТЕМУР РАҲИМОВ

10.11.2021

: 528

Паҳлавони маъруфи кишвар Темур Раҳимов, ки дар Гранд Слами Боку сазовори медали нуқра шуд, 9 ноябр ба Ватан баргашт.

Паҳлавонро дар саҳни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулони соҳа гарм истиқбол карданд.

Ёдовар мешавем, ки Гранд Слами Боку 5-7 ноябр бо иштироки 195 варзишгар (128 мард, 67 зан) аз 29 давлат баргузор шуд.

Темур Раҳимов дар вазни +100кг рақобатро аз чорякфинал оғоз карда, бар Тиаго Палмини аз Бразил ва дар нимфинал бар Свен Ҳинле аз Олмон ғалаба карда, дар финал аз Татсуру Саитои ҷопонӣ мағлуб шуда, ҷои дуюмро сазовор гардид ва бо медали нуқра ва 3000 евро мукофотонида шуд.

Ин дуюм дастоварди бузурги Темур дар соли равон мебошад. Ӯ моҳи апрели имсол дар Чемпионати Осиё/Уқёнус, ки дар Бишкек доир гашт, сазовори медали биринҷӣ шуда буд.

Темур аз дастгирии молиявии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархурдор ва дар Бозиҳои олимпии Токио-2020, ки аз 23 июл то 8 августи соли равон доир гашт, парчамбардори ҳайати олимпии кишвар буд.

Мавқеи Темур Раҳимов дар радабандии ҷаҳонӣ, пас аз муваффақияташ дар Гранд Слами Боку, боло рафта, ба даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон шомил шуд. Ӯ бо 3078 хол дар ҷои нуҳуми радабандӣ қарор дорад.