Мусобиқа аз рӯи 4 вазн (-66, -81, -90 ва +90кг) миёни мардҳо доир мегардад.
28-29 сентябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди ҷумҳурӣ оид ба ҷудо барои дарёфти ҷоизаҳои Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон, ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Расул Боқиев доир шуд.
Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 аз 4 то 20 феврали соли 2022 ба нақша гирифта шудааст.
Дар бозии ҳалкунанда мунтахаби бонувони мо аз дастаи Ветнам мағлуб шуд (0:7) ва дар гурӯҳи “В” ҷои дуюмро ишғол намуд.
Сарвари давлат ба сифати корҳо дар иншоот баҳои баланд дода, ҷавононро барои ҳарчи бештар ба варзиш рӯ овардан ҳидоят намуданд.
Майдончаи варзишӣ дар баробари ба варзиш ҷалб намудани насли ҷавони ноҳия ҳамчун паноҳгоҳ дар вақти ҳолатҳои фавқулодда барои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хизмат хоҳад намуд.
Майдончаи варзишӣ барои бозии футболи хурд пешбинӣ гардида, ба истиқболи ҷашни фархундаи сисолагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Федератсияи футболи мамлакат ҳамчун туҳфаи идона ба ҷавонону наврасони ин ноҳияи дурдаст тақдим гардид.
Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо 12-14 ноябри соли равон дар пойтахти Узбекистон баргузор мешавад.
Дар нимфинал “Истиқлол” бо чемпиони феълии кишвар – дастаи “Сипар”-и Хуҷанд ва “Пойтахт” бо “Соро компания” вомехуранд.
Бозии дастаҳо шоми 26 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе сурат гирифт.