Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

8-УМ ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҶУДО БАРГУЗОР МЕШАВАД

01.10.2021

: 739

3-5 октябри соли равон дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе 8-ум Мусобиқаи байналмилалии ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, дар мусобиқа ба ҷуз аз ҷудочиёни тоҷик, варзишгарон аз Узбекистон, Қазоқистон, Эрон, Русия ва Беларус ширкат меварзанд.

Мусобиқа аз рӯи 4 вазн (-66, -81, -90 ва +90кг) миёни мардҳо доир мегардад.

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо мукофотпулӣ қадр карда мешаванд. Барои ҷойи 1-ум 30 000 сомонӣ, ҷойи 2-юм – 10 000 сомонӣ ва ду ҷойи 3-юм 5000-сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба ҷудо аз соли 2013 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.

Барномаи мусобиқа:

2-юми октябр
Қуръакашӣ
Оғоз: 20:00

3-юми октябр
Қувваозмоиҳо: -66кг
Марҳилаи муқаддамотӣ: 10:00-14:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 18:00-20:00

4-уми октябр
Қувваозмоиҳо: -81кг
Марҳилаи муқаддамотӣ: 10:00-14:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 18:00-20:00

5-уми октябр
Қувваозмоиҳо: -90кг, +90кг
Марҳилаи муқаддамотӣ: 09:30-15:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 18:00-20:00