Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТАШХИСИ МУНТАЗАМИ COVID-19 ДАР ЧҶ-2021 ОИД БА САМБО ҲАТМӢ ХОҲАД БУД

28.09.2021

: 530

Ҳар узви даста дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Тошканд аз ташхиси мунтазами ҳатмии COVID-19 хоҳад гузашт.

Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо 12-14 ноябри соли равон дар пойтахти Узбекистон баргузор мешавад.

Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) низомномаи чемпионатро нашр кард, ки дар он гуфта мешавад, ҳар иштирокчӣ на кам аз 48 соат то парвоз дар кишвари худ бояд тести COVID-19 супорад. Тести дуюм як рӯз қабл аз мусобиқа ва тести сеюм як рӯз пеш аз парвоз аз Тошканд супорида хоҳад шуд.

FIAS бовар дорад, ки чорабиниро бе ба қайд гирифтани COVID-19 мегузаронад, мисли чемпионати соли гузашта, ки дар Нови Сади Сербия доир гардида буд.

Фонди ҷоизаҳои Чемпионати ҷаҳон низ дар низомнома қайд гардидааст. Маблағи умумӣ 231000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Барои медали тилло 4000 доллар, барои медали нуқра 3000 ва барои медали биринҷӣ 2000 доллари ИМА пешбинӣ шудааст.

Ин аввалин чемпионати ҷаҳон хоҳад буд, ки қувваозмоиҳо аз рӯи 7 категорияи вазнӣ миёни мардҳо, 7 вазн миёни бонувон ва 7 вазн оид ба самбои размӣ, дар умум 21 маҷмӯи медалҳо, сурат мегиранд. Соли 2020 қувваозмоиҳо аз рӯи 27 вазн доир гардида буд.