Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022 ОИД БА ФУТЗАЛ МИЁНИ БОНУВОН АНҶОМ ЁФТ

ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022 ОИД БА ФУТЗАЛ МИЁНИ БОНУВОН АНҶОМ ЁФТ ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022 ОИД БА ФУТЗАЛ МИЁНИ БОНУВОН АНҶОМ ЁФТ

29.01.2022

: 486

Бо пирӯзии тими мунтахаби бонувони Эрон чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оид ба футзал анҷом ёфт.

Чемпионат бо иштироки чор даста – Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон 19 январ оғоз гардида буд. Дастаҳо тибқи системаи даврӣ дар ду давр бозӣ карданд.

Ҳамин тариқ, медалҳои тиллои Чемпионати CAFA оид ба футзал миёни бонувон насиби тими Эрон шуд. Бонувони футболбози эронӣ аз шаш бозӣ дар панҷтоаш ғолиб омада, як вохуриро мусовӣ карданд ва 16 хол ба даст оварданд. Медалҳои нуқра насиби тими бонувони Узбекистон (13 хол) ва биринҷӣ насиби тими Қирғизистон (4 хол) гардид.

Дар маросими ҷоизасупорӣ ҷоизаи «Fair Play» ба тими Эрон, ҷоизаи махсус ба дастаи Тоҷикистон тақдим шуд. Мафтуна Шоимова (Узбекистон) бо 9 гол беҳтарин нишонзан, Фаришта Каримӣ (Эрон) беҳтарин бозингар эълон гардиданд.

 ҶОЙ    ДАСТАҲО    Б    Ғ    М     Б     Т-Т     Х   
 1  Эрон  6  5  1  0  43-4  16
 2  Узбекистон        6  4  1  1  38-8  13
 3  Қирғизистон  6  1  1  4  5-38  4
 4  ТОҶИКИСТОН       6  0  1  5  3-39  1