Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ДАВЛАТ БОЛТАЕВ – ЧЕМПИОНИ ОСИЁ ОИД БА БОКС

ДАВЛАТ БОЛТАЕВ – ЧЕМПИОНИ ОСИЁ ОИД БА БОКС ДАВЛАТ БОЛТАЕВ – ЧЕМПИОНИ ОСИЁ ОИД БА БОКС ДАВЛАТ БОЛТАЕВ – ЧЕМПИОНИ ОСИЁ ОИД БА БОКС

31.01.2022

: 572

29 январ муҳорибаҳои финалии Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола баргузор шуд.

Дар финал 7 нафар узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон муҳориба карданд ва танҳо Давлат Болтаев дар вазни -92кг ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд.

Аввалин Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон 22-29 январ доир гардид.

Давлат Болтаев дар финал бар варзишгари Қирғизистон Рустам Урурсбек уулу пирӯз шуд.

Дигар варзишгаронамон - Сумайя Қосимова (48кг), Акбаралӣ Абдураҳмонзода (51кг), Абдумалик Болтаев (75кг), Некрӯз Салимов (80кг), Шаҳбоз Ҳаитов (86кг) ва
Муҳаммад Аброриддинов (+92кг) аз ҳарифонашон шикаст хурда, сазовори медали нуқра шуданд.

Қаблан Малика Нозимова (63кг), Ҳусния Холова (52кг), Хусравхон Раҳимов (57кг) ва Расул Аҳадов (67кг) медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Ҳамин тариқ, аз 18 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола 11 нафар ба гирифтани медал мушарраф шуданд – 1 тилло, 6 нуқра, 4 биринҷӣ.

Дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола 190 варзишгар аз 12 давлати қора иштирок доштанд.