Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧО ОИД БА БОКС: 7 ВАРЗИШГАРАМОН БАРОИ МЕДАЛИ ТИЛЛО ТАЛОШ МЕКУНАНД

ЧО ОИД БА БОКС: 7 ВАРЗИШГАРАМОН БАРОИ МЕДАЛИ ТИЛЛО ТАЛОШ МЕКУНАНД ЧО ОИД БА БОКС: 7 ВАРЗИШГАРАМОН БАРОИ МЕДАЛИ ТИЛЛО ТАЛОШ МЕКУНАНД

28.01.2022

: 562

27 январ муҳорибаҳои даври нимфинали Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола баргузор шуд.

Дар нимфинал 9 нафар узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон муҳориба карданд ва 5 нафарашон ба финал роҳ ёфтанд. Ду нафари дигар қаблан роҳхати даври финалро гирифта буданд. Сабқатҳои финалӣ 29 январ баргузор мешавад.

Аввалин Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон 22 январ оғоз гардид.

Дар даври нимфинал миёни бонувон Сумайя Қосимова (-48кг) бе муҳориба пирӯз шуд. Ҳарифаш аз Ҷопон Ҳикару Като аз сабқат даст кашид. Варзишгарони дигарамон миёни бонувон – Малика Нозимова ва Ҳусния Холова аз ҳарифонашон шикаст хурданд ва сазовори медали биринҷӣ гардиданд.

Миёни мардҳо Акбаралӣ Абдураҳмонзода (-51кг), Абдумалик Болтаев (-75кг), Некрӯз Салимов (80кг) ва Шаҳбоз Ҳайитов (86кг) барои ба даст овардани медали тилло талош мекунанд. Хусравхон Раҳимов (57кг) ва Расул Аҳадов (67кг) дар нимфинал мағлуб шуда, медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Ҳамин тариқ, аз 18 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола 7 нафар ба финал роҳ ёфта, 4 нафари дигар медал биринҷӣ ба даст оварданд.

Муҳорибаҳои финалӣ бо иштироки намояндагони Тоҷикистон:

29 январ
48кг – Сумайя Қосимова – Фарзона Фозилова (Узбекистон)
51кг – Акбаралӣ Абдураҳмонзода – Муҳаммадқодир Мамирҷонов (Узбекистон)
75кг – Абдумалик Болтаев – Абдулазиз Абдупаттаев (Узбекистон)
80кг – Некрӯз Салимов – Ҷасурбек Юлдошев (Узбекистон)
86кг – Шаҳбоз Ҳаитов – Тимур Мирҷонов (Узбекистон)
92кг – Давлат Болтаев – Рустам Урусбек уулу (Қирғизистон)
+92кг – Муҳаммад Аброриддинов – Ҷаҳонгир Зокиров (Узбекистон)

Дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола 190 варзишгар аз 12 давлати қора иштирок доранд.