Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

КОМРОНШОҲ ВА ТЕМУР ДАР ГРАНД СЛАМИ АНТАЛИЯ ҶОИ ПАНҶУМРО ГИРИФТАНД

КОМРОНШОҲ ВА ТЕМУР ДАР ГРАНД СЛАМИ АНТАЛИЯ ҶОИ ПАНҶУМРО ГИРИФТАНД КОМРОНШОҲ ВА ТЕМУР ДАР ГРАНД СЛАМИ АНТАЛИЯ ҶОИ ПАНҶУМРО ГИРИФТАНД

05.04.2021

: 3912

1-3 апрел мусобиқаи навбатии сайри ҷаҳонии ҷудо - Гранд Слами Анталия баргузор шуд.

Тибқи иттилои сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқа 432 варзишгар (263 мард, 169 зан) аз 91 давлат иштирок карданд.

Ҷумҳурии моро 3 варзишгар – Шаҳбоз Саидаброров (-60кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) намояндагӣ карда, Комроншоҳ ва Темур ҷои панҷумро ишғол намуданд.

Комроншоҳ Устопириён то расидан ба ҷои панҷум дар се давр бар варзишгарони Австрия (Адам Борчашвилӣ), Беларус (Александ Сидорик), Чех (Мартин Бездек) ғалаба карда, ба нимфинал баромад. Аммо ӯ дар роҳ ба финал аз намояндаи Шведсия Маркус Ниман, ки ғолиби вазни -90кг шуд, ва дар нерӯсанҷӣ барои ҷои сеюм аз варзишгари дигари Чех Давид Клеммерт мағлуб гардид.

Темур Раҳимов дар вазни +100кг дар даври аввал озод буд. Ӯ дар даври дуюм варзишгари Словения Еней Мариничро мағлуб карда, дар чорякфинал аз Ҳисайоши Ҳарасаваи ҷопонӣ, ки ғолиби ин вазн гардид, шикаст хурд. Темур сипас дар нерусанҷии тасаллобахш бар намояндаи Узбекистон Алишер Юсупов пирӯз, вале дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бо варзишгари Чех Лукас Крпалек ноком шуд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Шаҳбоз Саидаброров (-60кг), ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз варзишгари мизбон Солеҳ Йилдиз мағлуб гардид.

Ёдовар мешавем, ки хароҷоти сафари Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар доираи Барномаи “Дастгирии молиявии варзишгарон – Токио-2020” пардохт карда шуд. Онҳо бо мақсади иштирок дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо, ки 6-9 апрел дар пойтахти Қирғизистон доир мегардад, аз Истанбул ба Бишкек сафар мекунанд.