Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БОКС: ТОШКАНД – МИЗБОНИ ЧҶ-2023

03.04.2021

: 577

Тошканд мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон дар соли 2023 интихоб шуд.

Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) изҳор намуд, ки оид ба ин масъала Федератсияи бокси Узбекистон дархост пешниҳод намуд ва созмони идоракунанда онро қабул кард.

Имсол Чемпионати ҷаҳон миёни мардон дар пойтахти Сербия – Белград баргузор мешавад. Белград, ки чемпионати ҷаҳон миёни мардонро соли 1978 қабул карда буд, апрели имсол ба ҳайси мизбон интихоб шуд.

Ин пас аз он сурат гирифт, ки AIBA шаҳри Деҳлиро аз ҳуқуқи мизбонии ЧҶ-2021 миёни мардон маҳрум кард. Гуфта шуд, ки Федератсияи бокси Ҳиндустон уҳдадориҳояшро дар доираи шартнома иҷро накард.