Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“ИСТИҚЛОЛ” БОРИ ДАҲУМ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОНРО БА ДАСТ ОВАРД

05.04.2021

: 602

Дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе бар дастаи “Равшан”-и Кӯлоб ғалаба карда (2:0), барандаи Суперҷоми Тоҷикистон-2021 шуд.

Дувоздаҳум мусобиқа барои ба даст овардани Суперҷоми Тоҷикистон 3-юми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гашт. Бозии оғози мавсимро дар варзишгоҳ 5500 мухлис тамошо карданд.

Ҳисобро дар дақиқаи 56-ум легионери нидерландии “Истиқлол” Ҳусейн Доган кушод. Баъд аз чор дақиқа капитани тими Душанбе Алишер Ҷалилов ҳисоби бозиро афзуд. То анҷоми бозӣ дастаҳо кӯшиши зиёд карданд, вале ҳисоб тағйир наёфт.

Ҳамин тариқ, “Истиқлол” маротибаи даҳум Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Клуби Душанбе қаблан солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019 ва 2020 Суперҷоми кишварро сазовор гардида буд.