Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БАРОИ РОҲХАТИ ОЛИМПӢ ГУШТИНГИРОН БА АЛМААТО МЕРАВАНД

БАРОИ РОҲХАТИ ОЛИМПӢ ГУШТИНГИРОН БА АЛМААТО МЕРАВАНД БАРОИ РОҲХАТИ ОЛИМПӢ ГУШТИНГИРОН БА АЛМААТО МЕРАВАНД БАРОИ РОҲХАТИ ОЛИМПӢ ГУШТИНГИРОН БА АЛМААТО МЕРАВАНД БАРОИ РОҲХАТИ ОЛИМПӢ ГУШТИНГИРОН БА АЛМААТО МЕРАВАНД БАРОИ РОҲХАТИ ОЛИМПӢ ГУШТИНГИРОН БА АЛМААТО МЕРАВАНД

02.04.2021

: 605

Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон 9-11 апрел мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Қораи Осиё ва 13-18 апрел Чемпионати Осиё оид ба гуштини варзишӣ баргузор мешавад.

Дар мусобиқаи интихобӣ ду ҷои аввали ҳар категорияи вазнӣ ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токиоро пайдо мекунанд.

Бо ин мақсад, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои дастаҳои мунтахаби кишвар оид ба гуштини озод ва юнонӣ-римӣ ҷамъомади машқӣ-таълимӣ ташкил намуд.

Гуштингирони тарзи озод бо роҳбарии сармураббӣ Абдурозиқ Олимов ва гуштингирони тарзи юнонӣ-римӣ бо роҳбарии сармураббӣ Фаррух Беков муддати 7 рӯз ба тамринҳо фаро гирифта шуданд.

Ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи интихобии олимпии Осиё ва Чемпионати Осиё Федератсияи гуштини Тоҷикистон ҳайати зеринро номнавис кардааст:

Гуштини озод:
Муҳаммад Икромов (57кг дар мусобиқаи интихобӣ; 61кг дар Чемпионати Осиё)
Ҳикматулло Воҳидов (57кг дар Чемпионати Осиё)
Ҷамшед Шарифов (65кг дар мусобиқаи интихобӣ)
Мустафо Ахмедов (65кг дар Чемпионати Осиё)
Саидасан Ашрафхонов (70кг дар Чемпионати Осиё)
Ғуломҷон Шарипов (74кг)
Баҳодур Қодиров (86кг)
Искандари Рустам (125кг)
Ватансултон Шакаршоева (53кг, бонувон)

Гуштини юнонӣ-римӣ
Фирӯз Мирзораҷабов (60кг)
Мубинҷон Ахмедов (67кг)
Ҳабибҷон Зуҳуров (77кг)
Суҳроб Абдулҳаев (87кг)
Мирзоамин Сафаров (97кг)
Суҳроҷ Азизов (130кг)