Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

НИШОНИ БОЗИҲОИ ЗИМИСТОНАИ ОЛИМПӢ-2026 ТАСДИҚ ШУД

НИШОНИ БОЗИҲОИ ЗИМИСТОНАИ ОЛИМПӢ-2026 ТАСДИҚ ШУД НИШОНИ БОЗИҲОИ ЗИМИСТОНАИ ОЛИМПӢ-2026 ТАСДИҚ ШУД

31.03.2021

: 582

“Futura” нишони расмии Бозиҳои зимистонаи олимпии Милан-Кортина-2026 эълон шуд.

Ин аввалин маротиба аст, ки нишони Бозиҳои олимпӣ тариқи раъйпурсии байналмилалӣ сурат гирифт. Дар интихоб миёни ду нишон беш аз 871 000 овоз аз 169 давлати дунё ба қайд гирифта шуд, ки 75 дарсади онҳо «Futura»-ро маъқул донистанд.

Роҳбари Комиссияи ҳамоҳангсози КБО бо “Милан-Кортина-2026” Сари Эссая гуфт: “Futura таҳти таъсири мавзӯъҳои варзишӣ ҳамбастагӣ ва устуворӣ, фаъол будан ва дизайни муосирро нишон медиҳад, як қатор арзишҳои асосии Бозиҳои олимпӣ ва паралимпиро инъикос менамояд. Стратегияи “Милан-Кортина 2026” оид ба бозиҳо ба эътиқоде асос ёфтааст, ки мо дар якҷоягӣ қавитарем, ин дар иштироки васеи ҷомеа дар раванди қабули қарор аён аст. Мо мутмаин ҳастем, ки ин дилбастагӣ дар тӯли панҷ соли оянда бо илҳом гирифтан аз тарҳи беназири ин нишон афзоиш хоҳад ёфт".

Нишони “Futura” аз хати сафеди яхин иборат аст ва рақами 26-ро ташкил медиҳад, ки орзуҳои “Милан-Кортина 2026”-ро барои ҷойгир кардани устуворӣ ва мерос дар маркази фаъолияти худ инъикос мекунад. Ин ба уҳдадориҳо оид ба истифодаи қисмате аз ҷойҳо ва инфрасохтори муваққатӣ ва мавҷуда такя мекунад.

Барои Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ низ ҳамчун рамзи ҳамбастагӣ ҳамин нишон истифода шудааст, фақат он аз се ранг – сурх, кабуд ва сабз – рангҳои нишони Кумитаи паралимпӣ иборат мебошад.