Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

САЙРИ ҶАҲОНИИ ҶУДО: АЗ ТБИЛИСӢ БА АНТАЛИЯ

30.03.2021

: 733

Мусобиқоти сайри ҷаҳонии ҷудо (World Judo Tour) бо Гранд Слами Анталия идома меёбад.

Гранд Слами Анталия (Туркия) 1-3 апрел баргузор мешавад.

Тибқи иттилои сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо, ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи навбатӣ 501 варзишгар (293 мард, 208 зан) аз 96 давлат дархост пешниҳод кардаанд.

Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, аз ҷумҳурии мо 3 варзишгар – Шаҳбоз Саидаброров (-60кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) ба Анталия сафарбар гардиданд.

Хароҷоти сафари Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар доираи Барномаи “Дастгирии молиявии варзишгарон – Токио-2020” пардохт карда шуд.

Ин панҷум мусобиқа дар доираи “World Judo Tour” дар соли равон мебошад. Ҳафтаи гузашта Шаҳбоз Саидаброров дар Тбилиси медали биринҷӣ ба даст овард, ки аввалин медали ҷудочиёни тоҷик дар соли 2021 ба ҳисоб меравад.

Чун дигар мусобиқаҳои ҷаҳонии ҷудо дар Гранд Слами Анталия низ варзишгарон барои ба даст овардани холҳои олимпӣ талош мекунанд. Ҳамчунин, ба ғолибону ҷоизадорон ба ғайр аз медал ҷоизапулӣ тақдим мегардад: ҷои якум – 5000 доллари ИМА, ҷои дуюм – 3000, ҷойи сеюм – 1500 доллари ИМА.

Ёдрас мешавем, ки муҳлати системаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Токио 28 июн ба анҷом мерасад. То он вақт ҷудочиёни мо имкони иштирок дар Чемпионати Осиё (Бишкек, 6-9 апрел), Гранд Слами Қазон (5-7 май) ва Чемпионати ҷаҳонро (Будапешт, 6-13 июн) доранд.

Пас аз натиҷагирии ҳамаи ин мусобиқаҳо шакли ниҳоии радабандии олимпӣ нашр мешавад, ки тибқи он 18 нафари аввали ҳар категорияи вазнӣ, бо дарназардошти дар як вазн як варзишгар аз ҳар КМО, инчунин тариқи радабандии қитъавӣ (аз Осиё 10 нафар) ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токиоро доранд, ки аз 23 июл то 8 августи имсол доир мешавад.