Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ШИНОВАРӢ: САДДАМ ДАР ЧЕМПИОНАТИ РОССИЯ ШИРКАТ МЕКУНАД

03.04.2021

: 606

3-9 апрел дар шаҳри Қазон чемпионати Россия оид ба шиноварӣ баргузор мешавад, ки дар он варзишгари тоҷик Саддам Рамзиёрзода иштирок менамояд.

Дар чемпионат беш аз 600 шиновар аз 58 минтақаи Россия, аз ҷумла ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ Юлия Ефимова, Владимир Морозов, Евгений Рилов, Антон Чупков, Сергей ва Анастасия Фесиковҳо, Данила Изотов, Никита Лобинсев ширкат мекунанд.

Ба мусобиқа, ҳамчунин шаҳрвандони хориҷӣ роҳ дода мешаванд. Барои иштирок дар чемпионати Россия варзишгарони Албания, Ангола, Афғонистон, Беларус, Гана, Куба, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Македонияи Шимолӣ, Нигерия, Покистон, Руанда, Тоҷикистон, Фаронса ва Черногория дархост додаанд.

Ёдрас менамоем, ки шиновари тоҷик Саддам Рамзиёрзода дар доираи бурсияи Федератсияи байналмилалии шиноварӣ дар Маркази рушди FINA дар Қазон ба ҷамъомади машқӣ-таълимии семоҳа фаро гирифта шудааст, аз моҳи феврал шуруъ гардид ва то охири моҳи апрел идома меёбад.

Саддам пас аз тамринҳои байналмилалӣ барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио талош мекунад.