Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

САМБО: ДУ МЕДАЛИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР РӮЗИ АВВАЛИ ҶОМИ ҶАҲОН

26.03.2021

: 822

Дар рӯзи аввали Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо ба хотираи Харлампиев, варзишгарони тоҷик ду медал ба даст оварданд.

Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо ба хотираи Харлампиев 25 март дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия оғоз шуд, ки имрӯз ба анҷом мерасад.

Дар мусобиқа, ки аз рӯи равияҳои самбои варзишӣ миёни мардон ва бонувон ва самбои размӣ миёни мардон сурат мегирад, тими мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 11 нафар ширкат доранд.

Дар рӯзи аввал паҳлавони шинохтаи кишвар, чемпиони ҷаҳон-2018 Хушқадам Хусравов дар вазни 64кг-и самбои варзишӣ медали тилло ба даст овард. Дар ин вазн медали нуқра насиби Ҳомидҷон Муминов (Узбекистон) ва медалҳои биринҷӣ насиби Руслан Багдасариян (Россия) ва Павел Ҳладки (Белорус) гардид.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Ҷамшед Сафаров дар вазни -71кг-и самбои размӣ сазовори ҷои сеюм шуд. Медали тиллои ин категорияи вазниро Стефан Кобенов (Россия) сазовор шуд. Медали нуқраро Нозимбек Юнус уулу (Қирғизистон) ва медали дигари биринҷиро Олжас Тлеубергенов (Қазоқистон) ба даст оварданд.

Қувваозмоиҳо имрӯз идома меёбанд. Дар самбои варзишӣ варзишгарони мо Акмалиддин Каримов ва Фирдавсӣ Алхатобӣ (-58кг), Деваштич Убайдӣ, Исфандиёр Холов, Сорбон Сулаймонов (-71кг), Садр Боев (-88кг), Ҷалол Боқиев (+98кг) ва дар самбои размӣ Шокир Қаландаршоев, Абдулҳақи Меҳрубон (-64кг), Рамазон Ҷумъаев, Фирдавс Мирзоев (-79кг) нерӯ месанҷанд.