Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ФУТБОЛ: ПИРӮЗИИ ТОҶИКИСТОН БАР МУҒУЛИСТОН ДАР БОЗИИ ИНТИХОБИИ ЧҶ-2022

ФУТБОЛ: ПИРӮЗИИ ТОҶИКИСТОН БАР МУҒУЛИСТОН ДАР БОЗИИ ИНТИХОБИИ ЧҶ-2022 ФУТБОЛ: ПИРӮЗИИ ТОҶИКИСТОН БАР МУҒУЛИСТОН ДАР БОЗИИ ИНТИХОБИИ ЧҶ-2022 ФУТБОЛ: ПИРӮЗИИ ТОҶИКИСТОН БАР МУҒУЛИСТОН ДАР БОЗИИ ИНТИХОБИИ ЧҶ-2022

26.03.2021

: 696

Мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол дар даври ҳафтуми марҳилаи дуюми интихобии Осиё ба Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” бар тими Муғулистон бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард.

Голҳои задаи бародарон Алишер ва Манучеҳр Ҷалиловҳо, инчунин Шаҳром Самиев ба мунтахаби кишвар дар бозии хонагӣ се хол овард.

Вохурии дастаҳо 25 март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе, бо иштироки 9300 мухлис доир гашт.

Барои тими мунтахаби Тоҷикистон ин аввалин бозии расмӣ дар давраи пандемия буд.

Пас аз ғалаба бар Муғулистон тими мунтахаби Тоҷикистон бо 10 хол ба ҷои дуюми ҷадвали гурӯҳи “F” баромад. Дар ду бозии минбаъда шогирдони Усмон Тошев бо тими миллии Ҷопон (7 июн) ва Мянмар (15 июн) вомехӯрад. Ҳар ду бозӣ дар Ҷопон доир мегардад.