Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҶУДО: ШАҲБОЗ МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ГРАНД СЛАМИ ТБИЛИСИРО БА ДАСТ ОВАРД

ҶУДО: ШАҲБОЗ МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ГРАНД СЛАМИ ТБИЛИСИРО БА ДАСТ ОВАРД ҶУДО: ШАҲБОЗ МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ГРАНД СЛАМИ ТБИЛИСИРО БА ДАСТ ОВАРД

26.03.2021

: 821

Дар рӯзи аввали мусобиқаи навбатии сайри ҷаҳонии ҷудо – Гранд слами Тбилисӣ – варзишгари тоҷик Шаҳбоз Саидаброров дар вазни -60кг сазовори медали биринҷӣ шуд.

Дар мусобиқа 464 варзишгар (253 мард, 211 зан) аз 80 давлат ширкат доранд.

Аз ҷумҳурии мо ду нафар – Шаҳбоз Саидаброров дар вазни -60кг ва Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг ба Гурҷистон сафарбар гардиданд.

Шаҳбоз, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Узбекистон Шарофиддин Лутфуллоев, дар даври сеюм бар намояндаи Юнон Савва Каракизиди ғалаба кард, вале дар чорякфинал аз намояндаи дигари Узбекистон Комрон Нуриллоев мағлуб шуд. Ӯ сипас дар қувваозмоии тасаллобахш варзишгари Украина Олег Вередиба ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм варзишгари Нидерланд Торнике Тсйакадоеаро шикаст дод.

Медали тиллои ин вазнро варзишгари мизбон Темур Нозадзе ба даст овард. Медали нуқра насиби Комрон Нурилоеви узбекистонӣ ва медали дигари биринҷӣ насиби варзишгаи Озарбойҷон Каромат Ҳусейнов шуд.

Барои Шаҳбоз Саидаброров ин дуюм мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ аст, ки ширкат мекунад. Ӯ се ҳафта қабл дар Гранд слами Тошканд ҷои панҷумро ба даст оварда буд.

Шаҳбоз барои ин дастоврадаш бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 1500 доллари ИМА сарфароз шуда, соҳиби 500 хол мегардад ва мавқеашро дар радабандии олимпӣ беҳтар мекунад.

Комроншоҳ Устопириён 28 март – рӯзи сеюми мусобиқа - рӯи татамӣ мебарояд ва барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунад.