Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Ҷоми рушд-2020”: натиҷаи даври дуюми бозиҳои гурӯҳӣ

22.01.2020

: 1301

Тими наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар даври дуюми мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2020” дар гурӯҳи “В", ки дар Минск (Беларус) ҷараён дорад, аз дастаи Исроил бо ҳисоби 0:4 шикаст хурд.

Шогирдони Аҳлиддин Турдиев дар даври аввал бар тими Исландия пирӯз шуда буданд (2:1).
Дар бозии дигари гурӯҳ Гурҷистон бар Исландия бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.
Дар даври ҷамъбастии бозиҳои гурӯҳӣ 23 январ тими наврасони мо бо ҳамсолонашон аз Гурҷистон вомехуранд. Ин дидор соати 14:00 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи низомномаи мусобиқа ғолибони гурӯҳҳо ба финал мебароянд. Дастаҳои ҷои дуюми гурӯҳҳо барои ҷои сеюм талош мекунанд. Ҳамин тариқ, бозиҳо барои ҷойҳои 5-7 низ доир мегарданд.

Мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2020”

Гурӯҳи «В»
1-ум давр
Исландия (U-17) – ТОҶИКИСТОН (U-16) – 1:2
Голҳо: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 27 (0:1). Даниэл Деян Ҷурич, 50 – аз пеналтӣ (1:1). Сунатулло Азизов, 75 (1:2).

Исроил (U-17) – Гурҷистон (U-17) – 1:1

2-юм давр
Исроил (U-17) – Тоҷикистон (U-16) – 4:0
Гурҷистон (U-17) – Исландия (U-17) – 1:0

Гурӯҳи «А»
1-ум давр
Белгия (U-17) – Финланд (U-17) – 2:1
Беларус (U-17) – Узбекистон (U-16) – 4:1

2-юм давр
Белгия (U-17) – Узбекистон (U-16) – 2:1
Финланд (U-17) – Беларус (U-17) – 1:2

Бозиҳои минбаъда
3-юм давр
23 январ (панҷшанбе)
14:00 – ТОҶИКИСТОН – Гурҷистон
16:10 – Исландия – Исроил
18:20 – Узбекистон – Финланд
20:30 – Беларус – Белгия

25 январ (шанбе)
Бозӣ барои ҷои 7-ум
12:00 – 4 «А» – 4 «В»

Бозӣ барои ҷои 5-ум
14:15 – 3 «А» – 3 «В»

Бозӣ барои ҷои 3-юм
16:30 – 2 «А» – 2 «В»

Финал
18:45 – 1 «А» – 1 «В»