Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Донишгоҳи славянӣ – ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол

Донишгоҳи славянӣ – ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол Донишгоҳи славянӣ – ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол

22.01.2020

: 987

Мусобиқаи кушоди ҷумҳурӣ оид ба волейбол дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.

Дар мусобиқа, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Суғд доир гашт, 18 даста аз шаҳру ноҳия, корхонаю ташкилот, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Дар даври ниҳоӣ Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия бар тими ДДҲБСТ дастболо шуда, соҳиби ҷои аввал гардид. Дастаи “Ашт-2” ба гирифтани мақоми сеюм сазовор шуд.
Ба ғолибон ҷом, туҳфаву сипоснома ва маблағҳои пулӣ - барои ҷои якум 3000 сомонӣ, барои ҷои дуюм 2000 ва барои ҷои сеюм 1000 сомонӣ - тақдим карда шуд.