Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Истиқлол” ба даври плей-оффи лигаи чемпионҳои КФО-2020 баромад

“Истиқлол” ба даври плей-оффи лигаи чемпионҳои КФО-2020 баромад “Истиқлол” ба даври плей-оффи лигаи чемпионҳои КФО-2020 баромад

21.01.2020

: 1023

Чемпиони Тоҷикистон – дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии интихобии Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) бар тими “Локомотив”-и Узбекистон ғалаба карда, ба даври плей-офф роҳ ёфт.

Вохӯрии дастаҳо 21 январ дар варзишгоҳи “Локомотив”-и шаҳри Тошканд доир гашт. Голи ягона ва пирӯзибахшро Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 60-ум зад.
Акнун дастаи Душанбе барои баромадан ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2020 дар сафар бо дастаи “Ал-Аҳлӣ”-и Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад. Вохӯрии дастаҳо 28 январ соати 17:00 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.

Лигаи чемпионҳои КФО-2020
Минтақаи Ғарб
Марҳилаи дуюми интихобӣ

 «Локомотив» (Узбекистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – 0:1
Гол: Алишер Ҷалилов, 60.

Плей-офф
28 январ (сешанбе)

 «Ал-Аҳлӣ» (Арабистони Саудӣ) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)