Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Хуҷанд – мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо-2022

Хуҷанд – мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо-2022 Хуҷанд – мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо-2022

16.10.2019

: 965

Тибқи қарори Анҷумани Иттиҳодияи самбои Осиё (ИСО), ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, Чемпионати Осиё оид ба самбо соли 2022 дар шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо, дар ҷаласа намояндагони 22 давлати қора иштирок карданд. Президенти Иттиҳодияи самбои Осиё Аламҷон Муллоев зимни баромадаш ба роҳбарияти федератсияҳои миллӣ барои рушди самбо дар қора изҳори сипос намуд.
Ба иштирокчиён, ҳамчунин аз рафти баргузории мусобиқаи самбо дар 18-ум Бозиҳои Осиё дар Ҷакарта (Индонезия), Фестивали ҳунарҳои размӣ дар Чунҷу (Кореяи Ҷанубӣ) ва Чемпионати Осиё дар Деҳлӣ (Ҳиндустон) директори генералии ИСО Суреш Гопӣ гузориш дод.
Дар анҷуман бо дастгирии аъзои он Федератсияи самбои Баҳрайн ба узвияти Иттиҳодияи самбои Осиё қабул гардида, ба федератсияҳои самбои Макао ва Ҳонг Конг мавқеи узви комилҳуқуқи ИСО дода шуд.
Дар қисмати охири ҷаласа маҳали баргузории Чемпионати Осиё оид ба самбо соли 2020 шаҳри Бали (Индонезия), 2021 – Тошканд (Узбекистон), 2022 – Хуҷанд (Тоҷикистон) интихоб шуданд.