Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Президенти ФФТ ба тими наврасон дар ЧҶ-2019 барор хост

Президенти ФФТ ба тими наврасон дар ЧҶ-2019 барор хост Президенти ФФТ ба тими наврасон дар ЧҶ-2019 барор хост Президенти ФФТ ба тими наврасон дар ЧҶ-2019 барор хост

17.10.2019

: 981

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо ҳайати футболбозон ва мураббиёни тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) қабл аз сафар ба Бразил ҷиҳати иштирок дар Чемпионати ҷаҳон вохурд.

Вохурии роҳбарияти ФФТ бо мунтахаби наврасони кишвар 16 октябр дар “Кохи Наврӯз”-и пойтахт сурат гирифт.

“Иштирок дар Чемпионати ҷаҳон барои ҳар футболбоз шараф ва масъулияти бузург мебошад. Кӯшишу заҳмати шумо имкон дод, ки соли гузашта дар Чемпионати Осиё дар Малайзия натиҷаҳои хуб ба даст оред ва ба Чемпионати ҷаҳон-2019 роҳхат гиред. Ҳангоми иштирокатон дар Чемпионати ҷаҳон-2019 аҳолии Тоҷикистон шуморо мухлисӣ хоҳанд кард. Мисли як оила бошед, дастурҳои мураббиёнро иҷро намоед, бо тамоми вуҷуд дар майдон барои кишвари азизамон – Тоҷикистон бозӣ кунед. Ба шумо дар Чемпионати ҷаҳон дар Бразил муваффақият мехоҳам”, - гуфт президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ.
Футболбозони ҷавони кишвар дар навбати худ ба президенти ФФТ барои таваҷҷуҳ ва дастгириҳо изҳори сипос карданд.
Субҳи имрӯз – 17 октябр – ҳайати даста тавассути хатсайри Душанбе-Истанбул-Сан Паулу ба Бразил сафар кард. Дар дархости ниҳоии тими наврасони Тоҷикистон (U-17) барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2019 21 бозингар ворид карда шудааст – 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар, 5 ҳамлагар.
Дар Чемпионати ҷаҳон-2019, ки аз 26 октябр то 17 ноябр дар Бразил баргузор мешавад, тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи “Е” ҳамроҳ бо мунтахабҳои Испания, Аргентина ва Камерун бозӣ мекунад.
Тими наврасони кишвар дар даври аввали Чемпионати ҷаҳон-2019 28 октябр бо Камерун вомехурад. Оғози бозӣ – соати 20:00 бо вақти маҳаллӣ (соати 4:00-и рӯзи 29 октябр бо вақти Душанбе). Ҳарифи футболбозони наврасони кишвар дар даври дуюм, ки 31 октябр доир мешавад (1:00-и 1 ноябр бо вақти Душанбе) мунтахаби наврасони Испания мебошад. Дар даври сеюм бошад, 3 ноябр (1:00-и 4 ноябр бо вақти Душанбе) шогирдони Зайниддин Раҳимов муқобили Аргентина вориди майдон мешаванд.
Ҳамаи бозиҳо бо иштироки тими наврасони кишвар дар варзишгоҳи «Estаdio Klеber Andrade»-и шаҳри Кариасикаи Бразил баргузор мешавад.
Дар Чемпионати ҷаҳон-2019 24 даста дар 6 гурӯҳи 4-дастаӣ иштирок мекунанд. Ба даври баъдӣ аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ва 4 дастаи беҳтарини ҷои сеюми гурӯҳҳо роҳхат мегиранд.

Ҳайати тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2019 дар Бразил:

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев, Самандар Каримов (ҳар ду аз «Локомотив-Помир»), Муҳриддин Ҳасанов («Парвоз»);

Ҳимоятгарон: Исроил Холов, Шаҳром Назаров, Ҷонибек Шарифов, Меҳробҷон Азимов, Муҳаммадрасул Лутфуллаев, Шоҳрух Сангов (ҳама аз «Локомотив-Помир»);

Нимҳимоятгарон: Амадонӣ Камолов, Эмомалӣ Аҳмадхон, Шарифбек Раҳматов, Нидоёр Забиров, Озодбек Панҷиев, Шуҳрат Элмуродов, Умедҷон Холиқов (ҳама аз «Локомотив-Помир»);

Ҳамлагарон: Ислом Зоиров, Рустам Соиров, Азизбек Ҳасанов, Парвиз Ҳоҷиев (ҳам аз «Локомотив-Помир»), Сунатулло Исмоилов («Хатлон»).

Роҳабрияти даста: Анваршо Мирзоев – роҳбари даста, Азизҷон Достиев – менеҷер, Зайниддин Раҳимов – сармураббӣ, Сафаралӣ Раҳмонов – мураббӣ, Субҳон Хоҷамов – мураббӣ, Мусаси Мидзусима – мураббӣ, Асатулло Норов – мураббии дарвозабонҳо, Фаррух Авезов – табиб, Баҳодур Носиров – табиб, Фаридун Солиев – хабарнигор.