Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧҶ-2019 оид ба дзюдо миёни ҷавонон шуруъ мегардад

16.10.2019

: 1009

Имрӯз – 16 октябр – дар Марокаш Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон (U-21) шуруъ мегардад ва то 20 октябр идома меёбад.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF), дар чемпионат 517 варзишгар (294 мард, 223 зан) аз 81 давлати ҷаҳон иштирок мекунанд, ки миёни онҳо варзишгарони тоҷик низ ҳастанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 6 нафар ба Марокаш сафарбар гардиданд, ки дар 3 вазн миёни мардон гуштин мегиранд: Ҷамолиддин Абдуллоев, Идибек Сафаров (-66кг), Сомон Маҳмадбеков, Қоим Шукронов (-73кг), Абубакри Акобир, Эмомризо Анварзода (-90кг).
Чемпионат аз рӯи 14 категорияи вазнӣ (7 вазн миёни мардон, 7 вазн миёни бонувон), ҳамчунин қувваозмоии даставии омехта сурат мегирад. Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медалу диплом бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд: ҷои аввал - 2500 доллари ШМА, ҷои дуюм – 1500 доллар, ҷойҳои сеюм – 850-долларӣ.

Барномаи Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон:

16.10.2019
Бонувон: -48кг, -52кг; мардҳо: -60кг, -66кг

17.10.2019
Бонувон: -57кг, -63кг; мардҳо: -73кг

18.10.2019
Бонувон: -70кг; мардҳо: -81кг, -90кг

19.10.2019
Бонувон: -78кг, +78кг; мардҳо: -100кг, +100кг

20.10.2019
Қувваозмоиҳои даставӣ