Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Қайиқронҳои тоҷик барои роҳхати олимпӣ талош мекунанд

21.08.2019

: 1053

Имрӯз – 21 август – дар шаҳри Жегеди Ҷумҳурии Маҷористон Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ оғоз мегардад ва то 25 август идома меёбад.

Дар чемпионат варзишгарон имкон доранд роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст оваранд. Дар ҳар қувваозмоӣ иштирокчиёне, ки то ҷои панҷумро ишғол мекунанд, ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии соли 2020-ро пайдо менамоянд. Барои ин варзишгарони 101 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, дар Жегед ҷамъ омадаанд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба қайиқронӣ дар ҳайати 5 нафар ба Чемпионати ҷаҳон сафарбар гардидаанд: Шаҳриёр Даминов (каноэ), Абдусаттор Ғафуров, Зоҳирҷон Набиев, Саидилҳомхон Назиров, Нурмуҳаммади Тоҳир (ҳама - байдарка). Ду варзишгари мо – Шаҳриёр Даминов ва Зоҳирҷон Набиев аз 1 то 20 август дар Маҷористон ба тамрин машғул буданд.

Тақвими иштироки варзишгарони Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба қайиқронӣ:

21 август
К1 – 500 метр:
Абдусаттор Ғафуров

К4 – 1000 метр:
Абдусаттор Ғафуров
Зоҳирҷон Набиев
Саидилҳомхон Назиров
Нурмуҳаммади Тоҳир

К1 – 200 метр:
Саидилҳомхон Назиров

22 август
К1 – 1000 метр:
Абдусаттор Ғафуров

С1 – 500 метр:
Шаҳриёр Даминов

К2 – 500 метр:
Абдусаттор Ғафуров
Саидилҳомхон Назиров

К4 – 500 метр:
Абдусаттор Ғафуров
Зоҳирҷон Набиев
Саидилҳомхон Назиров
Нурмуҳаммади Тоҳир

23 август
К2 – 1000 метр:
Абдусаттор Ғафуров
Саидилҳомхон Назиров

С1 – 1000 метр:
Шаҳриёр Даминов

К2 – 200 метр:
Нурмуҳаммади Тоҳир
Зоҳирҷон Набиев

25 август
С1 – 5000 метр:
Шаҳриёр Даминов

К1 – 5000 метр:
Абдусаттор Ғафуров