Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Чемпиони CAFA-2019 дар Ҷоми Президенти Қазоқистон ширкат мекунад

20.08.2019

: 925

Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол, ки чанде пеш унвони чемпиони Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказиро сазовор шуд, бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар Ҷоми Президенти Қазоқистон иштирок мекунад.

12-ум мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Қазоқистон 24-28 август дар шаҳри Нурсултон доир мегардад. Дар мусобиқа дастаҳои наврасони Тоҷикистон, Арманистон, Литва, Қирғизистон ва ду даста аз Қазоқистон иштирок мекунанд. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд.
Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар гурӯҳи “В” бо дастаҳои Арманистон (U-17) ва Қазоқистон (U-16) бозӣ мекунад. Дар гурӯҳи “А” тимҳои Қазоқистон (U-17), Литва (U-17) ва Қирғизистон (U-16) вомехуранд.
Дар асоси низомномаи мусобиқа ғолибони гурӯҳҳо ба финал роҳ меёбанд. Дастаҳои ҷои дуюми гурӯҳҳо барои мақоми сеюм ва ҷои охир барои зинаи панҷум бозиҳояшонро идома медиҳанд.
Ёдовар мешавем дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) ба гурӯҳи “А” ворид аст ва бо дастаҳои наврасони Урдун, Непал, Шри Ланка ва Кувайт бозӣ мекунад. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 14 то 22 сентябри соли равон дар Урдун баргузор мешаванд.

Ҷоми Президенти Қазоқистон-2019 миёни наврасон

1-ум давр
24 август (шанбе)

Арманистон (U-17) – Қазоқистон (U-16)
Қазоқистон (U-17) – Қирғизистон (U-16)

2-юм давр
25 август (якшанбе)

ТОҶИКИСТОН (U-16) – Арманистон (U-17)
Қирғизистон (U-16) – Литва (U-17)

3-юм давр
26 август (душанбе)

Қазоқистон (U-16) – ТОҶИКИСТОН (U-16)
Литва (U-17) – Қазоқистон (U-17)

28 август (чоршанбе)

Бозӣ барои ҷои 5-ум

Бозӣ барои ҷои 3-юм

Финал