Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Узбекистон

21.08.2019

: 1313

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми кушоди Узбекистон оид ба варзиши сабук сазовори 12 медал гардиданд.

Ҷоми кушоди Узбекистон оид ба варзиши сабук 17-18 август дар шаҳри Тошканд доир гашт. Дар мусобиқа дар баробари дастаҳои минтақаҳои Узбекистон, варзишгарон аз кишварҳои Австралия, Арабистони Саудӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Малайзия, Тоҷикистон ва Туркманистон иштирок карданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 26 нафар иштирок карда, ба гирифтани 12 медал – 5 тилло, 4 нуқра, 3 биринҷӣ – даст ёфтанд. Гулсунбӣ Шарифова дар дав ба масофаи 400 метр (бо натиҷаи 53.88), эстафетаи 4х400 метр (3:57.40) ҳамроҳ бо Лолахон Ҷумъаева, Нодира Мирзоева, Кристина Пронженко ду медали тилло ба даст овард. Ӯ ҳамчунин дар масофаи 200 метр (23.80) сазовори медали нуқра гардид. Се медали дигари тиллоро Одилшоҳ Исматов дар масофаи 800 метр (1:54.94), Кристина Пронженко дар масофаи 400 метр бо монеа (1:00,66) ва Нодира Мирзоева дар масофаи 3000 метр бо монеа (12:14.28) сазовор шуданд.
Абдурауф Мусоев дар гурзандозӣ бо натиҷаи 58.40 метр, дастаи Тоҷикистон дар эстафетаи 4х100 метр (Илдар Аҳмадиев, Алишер Пулотов, Даврон Атабоев, Александр Пронженко) бо натиҷаи 42.51 ва 4х400 метр (Григорий Дерипаскин, Даврон Атабоев, Леонид Пронженко, Ислом Холиқов) бо натиҷаи 3:21.80 ба гирифтани медали нуқра мушарраф гардиданд.
Медалҳои биринҷиро Кристина Пронженко дар дав ба масофаи 100 метр бо монеа (14.62), Алишер Пулотов дар дав ба масофаи 400 метр бо монеа (53.61) ва Ҳусниддин Зарифов дар ҷаҳиш ба баландӣ (2.05) ба даст оварданд.
Дар идома варзишгарони мо дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Г. Орзуманов ширкат мекунанд. Ин мусобиқа низ дар шаҳри Тошканд 23-25 август доир мегардад.
Ҳар ду мусобиқа ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 интихобӣ ба ҳисоб мераванд. Варзишгарон дар сурати иҷрои меъёрҳои муқарраркардаи Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук соҳиби роҳхати олимпӣ мешаванд. Ҳамчунин, соҳиби хол гардида, мавқеашонро дар раддабандии ҷаҳонӣ беҳтар менамоянд.

НАТИҶАИ МУСОБИҚА PDF