Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ  МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ  МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ  МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ  МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

13.02.2023

: 120

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук дар иншооти пӯшида, дар риштаи эстафетаи 4х400 метр сазовори медали биринҷӣ шуданд.

Чорабинӣ 10-12 феврал дар шаҳри Остонаи Қазоқистон бо иштироки беш аз 500 варзишгар аз 31 давлати қора баргузор шуд.

Ҷумҳурии моро дар ин чемпионат 7 нафар - Илдар Аҳмадиев, Фаворис Музрапов, Леонид Пронженко, Александр Пронженко, Муҳаммадризо Мирзозода, Мирсаид Мирзозода намояндагӣ карданд.

Варзишгарони мо дар мусобиқаҳои дав ба масофаҳои 60м, 400м, 800м, ҳафтҳарба ва эстафетаи 4х400м рақобат карда, танҳо дар эстафета ҷои сеюмро гирифтанд. Ба тими Тоҷикистон Леонид Пронженко, Александ Пронженко, Муҳаммадризо Мирзозода ва Мирсаид Мирзозода шомил буданд.

Дар масофаи 60м Фаворис Музрапов дар даври интихобӣ дар гурӯҳи худ бо натиҷаи 6.81 сония сеюм шуд ва ба нимфинал роҳ ёфт. Фаворис бо ин натиҷа рекорди Тоҷикистонро дигар кард. Вале ӯ дар нимфинал натиҷаи 6.85-ро нишон дода, аз идомаи сабқат маҳрум шуд. Илдар Аҳмадиев бо сабаби лат бардоштан натавонист сабқат кунад.

Дар масофаи 400м низ бародарон Леонид ва Александ Пронженко то нимфинал рафтанд. Леонид, инчунин дар ҳафтҳарба ва Муҳаммадризо Мирзозода дар дав ба масофаи 800м сабқат карданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ин аввалин медали варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё дар иншооти пӯшида маҳсуб меёбад.