Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҶУДО БАРГУЗОР ШУД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҶУДО БАРГУЗОР ШУД ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҶУДО БАРГУЗОР ШУД ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҶУДО БАРГУЗОР ШУД ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҶУДО БАРГУЗОР ШУД ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҶУДО БАРГУЗОР ШУД

13.02.2023

: 115

11-12 феврали соли равон дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо баргузор шуд.

Дар чемпионат, ки тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) аз рӯи 7 вазн миёни мардҳо ва 2 вазн миёни бонувон сурат гирифт, ҳудуди 250 варзишгар аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат карданд.

Дар маросими кушодашавии чорабинӣ, ки шоми 11-уми феврал баргузор шуд, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло, президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо ва ҷоизадори Бозиҳои олимпии Пекин-2008 Расул Боқиев ширкат карданд.

Қувваозмоиҳо миёни бонувон дар ду вазн -57кг ва -63кг сурат гирифт, ки Шоҳида Қаландарова ва Ҷонона Назарова беҳтарин буданд. Миёни мардҳо дар 6 вазн намояндагони шаҳри Душанбе ва дар як вазн варзишгари шаҳру навоҳии тобеи марказ унвони чемпиониро ба даст оварданд.

Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал, бори аввал бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо дар соли 2023:

Бонувон

Вазни -57кг
1. Шоҳида ҚАЛАНДАРОВА
2. Фазилат ГУЛБОЕВА
3. Рӯзафзун БЕКНАЗАРОВА

Вазни -63кг
1. Ҷонона НАЗАРОВА
2. Мавлуда ОДИНАЕВА
3. Қурбонгул ҲАЛИМОВА

Мардҳо

Вазни -60кг
1. Ҳақдод ГУЛОВ (Душанбе)
2. Муҳаммад МАҲМАДИЗОДА (Душанбе)
3. Меҳрзод СУФИЕВ (Душанбе)
3. Саъдӣ Маҳмадов (Душанбе)

Вазни -66кг
1. Эмомалӣ НУРАЛӢ (Душанбе)
2. Шаҳбоз САИДАБРОРОВ (Душанбе)
3. Фирӯз МЕЛИБОЙЗОДА (Душанбе)
3. Ориф ДОДОВ (Душанбе)

Вазни -73кг
1. Маҳмадшариф НАҶМИДДИНОВ (Душанбе)
2. Абубакр ШЕРОВ (Душанбе)
3. Мирзоҷамил РАМАЗОНОВ (Хатлон-1)
3. Илҳомиддин ҶАББОРОВ (Рашт)

Вазни -81кг
1. Муҳаммадҷон АБДУҶАЛИЛОВ (Душанбе)
2. Сайфидин САЙФИДИНЗОДА (Суғд)
3. Ҳамроз РАҶАБОВ (Суғд)
3. Умар РАСУЛОВ (ШНТМ)

Вазни -90кг
1. Ҳақназар НАЗАРОВ (ШНТМ)
2. Умедҷон РАҶАБОВ (Душанбе)
3. Акмал МУРОДОВ (Хатлон-1)
3. Кароматулло ҲАКИМОВ (Душанбе)

Вазни -100кг
1. Исроил РАҲИМОВ (Душанбе)
2. Саидҷамол АЛИМАРДОНОВ (Душанбе)
3. Ворис НУРИДДИНОВ (ШНТМ)
3. Улуғбек РАҲИМОВ (ШНТМ)

Вазни +100кг
1. Мансур РАҲМОН (Душанбе)
2. Иброҳим ЭЛМУРОДОВ (Душанбе)
3. Башир ФАХРИДДИН (Душанбе)
3. Муҳаммад ОДИНАЕВ (Душанбе)