Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ТИББИ ВАРЗИШ ВА НАЗОРАТИ ДОПИНГ ДАР МИНТАҚАИ БОХТАРИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ТИББИ ВАРЗИШ ВА НАЗОРАТИ ДОПИНГ ДАР МИНТАҚАИ БОХТАРИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ТИББИ ВАРЗИШ ВА НАЗОРАТИ ДОПИНГ ДАР МИНТАҚАИ БОХТАРИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ТИББИ ВАРЗИШ ВА НАЗОРАТИ ДОПИНГ ДАР МИНТАҚАИ БОХТАРИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ТИББИ ВАРЗИШ ВА НАЗОРАТИ ДОПИНГ ДАР МИНТАҚАИ БОХТАРИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ТИББИ ВАРЗИШ ВА НАЗОРАТИ ДОПИНГ ДАР МИНТАҚАИ БОХТАРИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

20.11.2022

: 216

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби арзишҳои олимпӣ дар кишвар барномаҳоро амалӣ мекунад.

Аз ҷумла, дар доираи Барномаи "Тибби варзиш ва назорати допинг"-и Ҳамбастагии олимпӣ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон мулоқоту вохуриҳои мутахассисони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баргузор шуд.

Котиби генералии КМОТ Абдуллозода Муҳаммадшо дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ, директори генералии КМОТ Мавзуна Чориева, Масъули назорати допинги КМОТ Фарангис Ғаниева, директори Департаменти коргузорӣ ва иттилооти КМОТ Айниддинзода Баҳриддин дар шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Кушониён ва Дӯстӣ ба варзишгарону мураббиён доир ба допинг ва оқибатҳои манфии истифодаи он маърӯза хонданд.

Таъкид гардид, ки истифодаи допинг на танҳо ба варзишгар таъсири бад дорад, балки обрӯи давлатро дар арсаи байналмилалӣ паст мезанад.

Аз варзишгарон, ки асосан наврасону ҷавонон буданд, дархост шуд, ки дар истифодаи дорувориҳо эҳтиёт бошанд ва танҳо бо дастури мураббиёну табибони соҳаи тибби варзиш витамину доруҳоро истифода баранд.