Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ТАБЛИҒИ АРЗИШҲОИ ОЛИМПӢ ДАР МТМУ-И НАЗДИ САРРАЁСАТИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

ТАБЛИҒИ АРЗИШҲОИ ОЛИМПӢ ДАР МТМУ-И НАЗДИ САРРАЁСАТИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ТАБЛИҒИ АРЗИШҲОИ ОЛИМПӢ ДАР МТМУ-И НАЗДИ САРРАЁСАТИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ТАБЛИҒИ АРЗИШҲОИ ОЛИМПӢ ДАР МТМУ-И НАЗДИ САРРАЁСАТИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ТАБЛИҒИ АРЗИШҲОИ ОЛИМПӢ ДАР МТМУ-И НАЗДИ САРРАЁСАТИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ТАБЛИҒИ АРЗИШҲОИ ОЛИМПӢ ДАР МТМУ-И НАЗДИ САРРАЁСАТИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

21.11.2022

: 273

Бо ташаббуси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон 21 ноябр дар доираи Барномаи “Омӯзиши фарҳанг ва мероси олимпӣ”-и Ҳамбастагии олимпӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе чорабинии омӯзишӣ доир гашт.

Дар чорабинӣ директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Мавзуна Чориева ва дигар кормандони Кумита иштирок карданд.

Директори муассиса Равшан Каримов зимни сухани ифтитоҳӣ аз ҷумла қайд кард, ки Бозиҳои олимпӣ баландтарин қулла барои ҳар варзишгар аст, ҳамчунин давлат ва миллат муаррифӣ мешавад. Хушбахтона варзиш дар кишвари мо бо ҳидояту дастгириҳои Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ рушд мекунад ва мо дар 31 соли соҳибистиқлолии кишвар чемпион ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ дорем, ки номашон дар таърих абадӣ навишта шудааст.

Сипас Мавзуна Чориева, баромад карда, иброз намуд, ки мақсад аз чорабинии имрӯза таблиғу ташвиқи арзишҳо ва ҳаракати олимпӣ мебошад. Зеро Олимпизм на танҳо чорабиниҳои варзишӣ, балки фалсафаи ҳаёт аст. Бо варзиш машғул шуда, шахс на танҳо аз ҷиҳати ҷисмонӣ, балки аз ҷиҳатҳои рӯҳӣ ва маънавӣ низ обутоб меёбад. Мақсади ҳаркати олимпӣ сохтани ҷаҳони беҳтар тавассути варзиш аст.

Дар идома мутахассисони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Мунира Фақирова ва Фирангис Ғаниева доир ба таърихи Бозиҳои олимпӣ, Бозиҳои олимпии муосир ва тибби варзиш маърӯзаҳо хонданд.

Ҳамчунин миёни хонандагон ва ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Мавзуна Чориева маҳфили саволу ҷавоб сурат гирифта, ба муассиса дар доираи барнома маводи дафтардорӣ ва дастурамалҳои омӯзишӣ тақдим карда шуд.