Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНИИ ШОҲМОТ ДАР ЧЕННАЙИ ҲИНДУСТОН АНҶОМ ЁФТ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНИИ ШОҲМОТ ДАР ЧЕННАЙИ ҲИНДУСТОН АНҶОМ ЁФТ ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНИИ ШОҲМОТ ДАР ЧЕННАЙИ ҲИНДУСТОН АНҶОМ ЁФТ ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНИИ ШОҲМОТ ДАР ЧЕННАЙИ ҲИНДУСТОН АНҶОМ ЁФТ ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНИИ ШОҲМОТ ДАР ЧЕННАЙИ ҲИНДУСТОН АНҶОМ ЁФТ ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНИИ ШОҲМОТ ДАР ЧЕННАЙИ ҲИНДУСТОН АНҶОМ ЁФТ

10.08.2022

: 363

44-ум Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот, ки 28-уми июл дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон оғоз гардида буд, 9-уми август ба анҷом расид.

Дар олимпиада 800 варзишгар дар ҳайати 188 тими мардон ва 162 тими бонувон ширкат карданд. Ҷумҳурии моро тими мардон дар ҳайати Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, Алишер Каримов, Мустафохуҷа Ҳусейнхоҷаев, Меҳриддин Шарифов, Ҷалолиддини Илҳом ва тими бонувон дар ҳайати Надежда Антонова, Сабрина Абророва, Рухшона Саидова, Мутриба Ҳотамӣ, Лидия Антонова намояндагӣ карданд.

Олимпиада дар 11 давр баргузор шуда, миёни дастаҳои мардона тими Узбекистон ҷои аввал, Араманистон ҷои дуюм ва Ҳиндустон ҷои сеюмро гирифтанд.

Мунтахаби мардонаи кишвар дар 11 бозӣ бар тимҳои Ҷазираҳои Вирҷинияи Британия (4:0), Қазоқистон (2,5:1,5), Суринам (4:0), Ҳаитӣ (4:0), Эстония (2,5:1,5) ғалаба, бо дастаҳои Сингапур (2:2), Ирланд (2:2), мусовӣ бозӣ карда, аз тимҳои Словакия (1,5:3,5), Белгия (1,5:2,5), Андора (1,5:3,5) ва Чилӣ (1,5:2,5) мағлуб гардид. Дар натиҷа бо 12 хол ҷои 67-умро ишғол намуд.

Мунтахаби бонувони Тоҷикистон бар тимҳои Арабистони Саудӣ (4:0), Барбадос (4:0), Суринам (4:0), Тайпейи Чин (4:0) пирӯз шуда, бо Исланд (2:2), Нигерия (2:2), Боливия (2:2) мусовӣ бозӣ кард, вале аз тимҳои Ҳиндустон (0:4), Қирғизистон (0:4), Ирланд (0:4) ва Дания (1,5:2,5) мағлуб шуда, бо 11 хол ҷои 78-умро ишғол кард. Миёни бонувон Украина ғолиб, Гурҷистон дуюм, Ҳиндустон сеюм шуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Надежда Антонова аз 10 бозӣ 8 имтиёз ба даст оварда, меъёри “Устоди дараҷаи байналмилалии занона” (WIM)-ро соҳиб гардид. Ҷалолиддин Илҳоми 14-сола ва Меҳриддин Шарифови 17-сола аз 9 бозӣ 6 имтиёз ба даст оварда, соҳиби унвони “Устоди FIDE” (FM) гардиданд.