Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

НУРАЛӢ ЭМОМАЛӢ – ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО МИЁНИ ҶАВОНОН

НУРАЛӢ ЭМОМАЛӢ – ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО МИЁНИ ҶАВОНОН НУРАЛӢ ЭМОМАЛӢ – ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН ОИД БА ҶУДО МИЁНИ ҶАВОНОН

11.08.2022

: 289

Паҳлавони ҷавони тоҷик Нуралӣ Эмомалӣ дар рӯзи аввали Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон сазовори медали тилло шуд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон 10 август дар шаҳри Гуаякили Эквадор оғоз гардид. Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар чемпионат 373 варзишгар (208 писар, 165 духтар) аз 63 давлат иштирок доранд.

Аз ҷумҳурии мо 6 варзишгар миёни писарон ба Эквадор сафарбар гардиданд –Нуралӣ Эмомалӣ (-66кг), Масъуди Аҳмадзод (-73кг), Суннатулло Лоиқов (-81кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (-81кг), Эмомризо Анварзода (-100кг) ва Мансур Раҳмон (+100кг).

Нуралӣ Эмомалӣ дар қувваозмоиҳои вазни -66кг дар даври аввал бар намояндаи Италия Валерио Аккоглӣ, дар даври дуюм бар варзишгари Фаронса Максиме Моунданга, дар чорякфинал бар Муҳаммад Демирел аз Туркия, дар нимфинал бар Раду Извориану аз Молдова ва дар финал бар Азизбек Ортиқови узбекистонӣ дастболо шуда, унвони чемпиони ҷаҳонро сазовор шуд.

Дар асоси барнома имрӯз, 11-уми август Масъуд, 12-уми август Суннатулло ва Муҳаммадҷон, 13-уми август Эмомризо ва Мансур гуштин мегиранд.

Нуралӣ дар баробари медали тилло 2500 доллари ИМА ҷоизарулӣ дарёфт кард.