Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК!

10.08.2022

: 329

Табрикоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло ба муносибати Рӯзи варзишгарон

Муҳтарам варзишгарон,
устодону собиқадорони соҳа,
мураббиён ва ҳаводорону дӯстдорони варзиш!

Боиси ифтихор ва шарафмандӣ аст, ки ҳамасола мову Шумо санаи 10 август дар кишвари азизамон Рӯзи варзишгарони Тоҷикистонро бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирем, ки он нишонаи таваҷҷуҳи бевоситаи Роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ба соҳаи варзиш ва варзишгарон ба ҳисоб меравад.

Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми варзишгарону кормандони соҳаро ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон сидқан муборакбод намуда, барои ҳамаи парчамбардорони Меҳан ва тамоми касоне, ки дар ин самт фаъолият доранд, барору комёбӣ таманно менамоям.

Боиси қаноатмандист, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар соҳаҳо соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳам ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар рушд карда, заминаҳои ҳам ҳуқуқию меъёрӣ ва ҳам модию техникӣ барои инкишофи он муҳайё карда шуд.

Сиёсати созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар, хусусан ҷаҳду талошҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи олимпии кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам намуданд, ки ҷавонону варзишгарони кишвар бо иштироки хеш дар мусобиқаҳои ҷаҳонию байналмилалӣ миллату давлатамонро байни дигар халқиятҳои ҷаҳон шоиста муаррифӣ намоянд.

Лозим ба ёдоварист, ки сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвар боис гардид, ки дар радифи дигар соҳаҳо, соҳаи варзиш низ рӯ ба таназзул ниҳода, иншооти хизматрасонӣ дар ин самт тадриҷан куҳнаю валангор ва корношоям гарданд. Аммо дар чунин шароити мураккаби иқтисодию иҷтимоӣ низ Ҳукумати кишвар соҳаи варзиш ва варзишгаронро аз мадди назар дур накард. Ин аст, ки варзишгарони тоҷик ҷавобан ба ғамхориву дастгириҳои Ҳукумати кишвар талош намуданд, ки бо нангу ори тоҷикона Тоҷикистони ҳамакнун соҳибистиқлолгардидаро дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд.

Сиёсати созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар, хусусан ҷаҳду талошҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам намуд, ки сол то сол дастовардҳои варзишгарони тоҷик афзояд.

Мо бо ифтихор мегӯем, ки имрӯз варзишгарони тоҷик на танҳо пешбарандаи соҳа, балки муаррифгари давлат ва парчамбардору ифтихори миллати мо ҳастанд.

Бояд тазаккур дод, ки бо талошҳои роҳбарияти олии мамлакат дар қаламрави ҷумҳурӣ беш аз 9500 иншооти варзишӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст, ки бо ҷамъи иншооти аз марҳилаи қаблӣ ба меросмонда теъдодашон ба 129 варзишгоҳ, 7489 майдончаи варзишӣ, 1878 толори варзишӣ, 100 ҳавзи шиноварӣ, 44 маҷмааю марказҳои солимгардонӣ ва 805 иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ, яъне дар маҷмуъ 10500 адад расидааст.

Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҷумҳурӣ имрӯз 128 мактаби варзишӣ амал менамоянд, ки дар омода сохтани варзишгарон ва таъмини оммавияти варзиш нақши муассир доранд.

20 декабри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита бо варзишгарони мамлакат мулоқот доир намуда, тамоми паҳлуҳои соҳаи варзишро таҳлил намуда, барои рушди минбаъдаи он дасту супоришҳои мушаххас доданд. Мулоқоти мазкур бори дигар собит сохт, ки соҳаи варзиш аз мадди назари Ҳукумати кишвар дур нест ва варзишгари тоҷик ҳатто бо камтарин дастовардашон назди Сарвари давлат ва миллати худ қадр дорад.

Пас аз вохӯрӣ бо варзишгарони кишвар саҳифаи наве дар таърихи варзиши тоҷик боз гардид. Натиҷаи варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ба маротиб зиёд гардида, дар як катор чорабиниҳои байналмилалӣ, аз чемпионатҳои ҷаҳону Осиё то Бозиҳои Осиёиву олимпӣ миллату давлати азизи хешро байни дигар халқиятҳо муаррифӣ намуданд.

Бо мақсади боз ҳам рушд ёфтани соҳа дар кишвар маҳз бо дастури Ҳукумати мамлакат аз ҷониби мақоми ваколатдори соҳа “Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”, “Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қабул гардид. Барномаҳои мазкур метавонанд дар рушди минбаъдаи фаъолият дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мусоидат намоянд.

Ҳамзамон, дар соли 2021 дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷистон “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои ба танзим даровардан ва дуруст ба роҳ мондани фаъолият дар ин самти муҳим нақши созгор мегузорад.

Иқдоме, ки варзишдӯст будани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар ба ҷаҳониён собит сохт, ин таъсиси “Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” мебошад. Варзишгарони тоҷик баъди таъсиси ин ҷоиза дубора руҳи тоза гирифта, бо дасту дили гарм вориди варзиш гардиданд. То имрӯз ҳашт маротиба Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуда, 216 нафар бо ин ҷоиза сарфароз гардонида шудаанд, ки ҳаҷми умумии маблағи ҷоиза 4 392 500 (чор миллиону сесаду наваду дую панҷсад) сомониро ташкил медиҳад ва маблағҳои мазкур аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидаанд.

Маҳз бо шарофати сиёсати варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллат ва соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз аст, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии кишвар аз мусобиқоти сатҳи баланди ҷаҳонию минтақавӣ беш аз 6000 медал ворид намудаанд. Ба ифтихори варзишгарони тоҷик зиёда аз 6000 маротиба муқаддасоти миллӣ - Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуда, зиёда аз 1800 маротиба Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ садо додааст.

Итмони комил дорем, ки варзишгарону устодони соҳа дар заминаи ин ҳама ғамхорию таваҷҷуҳ ва шароити мусоиди фароҳамшуда барои ҳифзи нангу номуси миллат дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамеша ҷаҳду талош менамоянд.

Дар ин роҳи пуршараф ва анҷоми рисолати бардӯшдошта ба Шумо комгориву муваффақиятҳои беназир ва тандурустиву хонаободӣ таманно дорам.

РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК!