Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ДУШАНБЕ - МИЗБОНИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ОИД БА БАДМИНТОН

09.08.2022

: 287

11-15 август дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе Чемпионати минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон миёни ҷавонон баргузор мешавад.

Дар чемпионат бадминтонбозони то 17-сола аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Эрон иштирок мекунанд.

Чорабинӣ ба муносибати ҷашни 31–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, мақсад аз он ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ мебошад.