Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ФИРӮЗ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ МИЁНИ ҶАВОНОН МЕДАЛИ БИРИНҶӢ ГИРИФТ

ФИРӮЗ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ МИЁНИ ҶАВОНОН МЕДАЛИ БИРИНҶӢ ГИРИФТ ФИРӮЗ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ МИЁНИ ҶАВОНОН МЕДАЛИ БИРИНҶӢ ГИРИФТ

07.07.2022

: 467

Узви дастаи мунтахаби гуштини юнонӣ-римии кишвар Фирӯз Мирзораҷабов дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонон сазовори медали биринҷӣ шуд.

Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасон (U-15) ва ҷавонон (U-20) 2-юми июл дар шаҳри Манамаи Баҳрайн оғоз гардида буд ва то 10-уми июл идома меёбад.

Фирӯз дар вазни -60кг қувваозмоиро аз чорякфинал оғоз карда, бар варзишгари Узбекистон Акмал Ҳамроев ғолиб омад, вале дар нимфинал аз намояндаи Қирғизистон Оқил Сулаймонов мағлуб гардид. Ӯ сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм варзишгари Тайпейи Чин Йонг Сианг Суро шикаст дода, ҷои сеюми ифтихориро сазовор шуд.

Варзишгари дигарамон дар ин равия Шероз Очилов дар вазни -72кг дар чорякфинал аз намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Минсео Оҳ мағлуб гардида, аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуд.

Чемпионати Осиё миёни ҷавонон то 20-сола бо қувваозмоиҳо миёни бонувон ва писарон дар гуштини тарзи озод идома меёбад. Миёни писарон як варзишгари мо - Саидасан Ашрафхонов 10-уми июл дар вазни -74кг гуштин мегирад.