Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЛИГАИ ОЛӢ: “РАВШАН” САДРНИШИНИ ҶАДВАЛ ШУД

06.07.2022

: 402

3-5 июл бозиҳои даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ бар тими “Эсхата” бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда, холҳояшро ба 19 расонд ва ба ҷои аввали ҷадвали мусобиқа баромад. Голҳоро дар ҳайати тими ғолиб Абдухалил Боронов ва Шодиҷон Муродов заданд.

Дар бозӣ миёни дастаҳои “Равшан”-и Зафаробод – “Хатлон” ягон гол зада нашуд - 0:0.

“Регар-ТадАЗ” дар бозии хонагӣ аз тими “Истиқлол” бо ҳисоби 1:3 мағлуб гардид. Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи 13 ҳисобро кушод. Дар дақиқаи 27 Фатҳулло Фатҳуллоев аз пеналтӣ ҳисобро баробар кард (1:1). Дар нимаи дуюми дидори дастаҳо бозингарони “Истиқлол” Муҳаммадҷон Раҳимов ва Ислом Зоиров ду гол зада, ғалабаи тимашонро таъмин намуданд.

Дар бозии дигар дастаи КМВА аз тими “Файзканд” шикаст хурд - 1:2. Артишиҳо тавассути Абдулло Шарипов дар дақиқаи 73 ҳисобро кушоданд. Вале ба голи зада ӯ бозигарони тими Восеъ Алишер Холмуродов ва Артур Боугнон бо ду гол ҷавоб доданд.

Бозӣ миёни дастаҳои “Истаравшан” – “Хуҷанд” бо пирӯзии хуҷандиҳо анҷом ёфт - 0:1. Голи ягонаро Далер Ёдгоров ба номаш сабт кард.

Бо ҳамин дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ танаффуси якмоҳа эълон шуд. Бозиҳо даври навбатӣ 12-уми август баргузор хоҳанд шуд.