Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МАРОСИМИ ҚУРЪАКАШИИ МАРҲИЛАИ МУҚАДДАМОТИИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2022 БАРГУЗОР ГАРДИД

01.06.2022

: 318

31 май дар шаҳри Душанбе маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футбол баргузор шуд.

Дар марҳилаи муқаддамотӣ 12 дастаи лигаи аввал иштирок мекунанд, ки дар қуръакашӣ шаш ҷуфт ташкил карда шуд. Дар ин марҳилаи мусобиқа «Панҷшер» бо «Динамо», «Ваҳдат» бо «Ҳосилот», «Моҳир» бо «Душанбе», «Ҳулбук» бо «Сарҳадчӣ», «Саройкамар» бо «Гулистон» ва «Барқчӣ» бо «Кӯктош» нерӯ месанҷанд.

Бозиҳои марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Тоҷикистон-2022 аз як вохӯрӣ иборат буда, рӯзҳои 4 ва 5 июн баргузор мешаванд. Ғолибон ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳ меёбанд, ки дар ин марҳила дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон ба мусобиқа ҳамроҳ мешаванд.

Вохӯрӣ миёни дастаҳои «Панҷшер» ва «Динамо» дар рӯзҳои эҳтиётӣ баргузор мешавад, зеро футболбозони тими «Динамо» ҳайати асосии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20)-ро ташкил медиҳад, ки рӯзҳои 2 ва 4 июн дар Душанбе бо ҳамсолони худ аз АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад.

Бояд гуфт, барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2022 ҳуқуқи муаррифии кишвари моро дар Ҷоми КФО-2023/2024 ба даст меорад. Дар сурате, ки як даста ҳам чемпион ва ҳам соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шавад, пас барандаи медали биринҷии лигаи олии Тоҷикистон дар мавсими оянда дар Ҷоми КФО ширкат хоҳад кард.