Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ҶАМЪОМАДИ ТАМРИНӢ-ТАЪЛИМИИ ТИМИ МУНТАХАБИ ТАЕКВОНДОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОШКАНД

02.06.2022

: 367

Тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба таеквондо (WT) бо роҳбарии сармураббӣ Исломиддин Фозилов аз 25 май то 3 апрел дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ба ҷамъомади машқӣ-таълимӣ ҷалб гардид.

Ҷамъомади машқӣ дар доираи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистону Узбекистон, инчунин мулоқоти роҳбарияти кумитаҳои миллии олимпии ду кишвар аввали моҳи май доир шуд.

Ба иттилои Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон, аъзои тими мунтахаби таеквондои Тоҷикистон бо беҳтарин варзишгарони ин риштаи варзиши Узбекистон тамрин карда, маҳорати худро такмил доданд.

Мақсад аз баргузории ҷамъомади машқӣ-тамринӣ омодагии дастаи мунтахаб ба мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалӣ, аз ҷумла 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар Қунияи Туркия (9-18 августи 2022), мебошад.