Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МУНТАХАБИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН (U-23) БАРОИ ШИРКАТ ДАР ҶОМИ ОСИЁ-2022 ОЗИМИ ТОШКАНД ШУД

31.05.2022

: 350

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев 30 май барои ширкат дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 вориди шаҳри Тошканд шуд.

Ба ҳайати ниҳоии мунтахаби олимпии Тоҷикистон барои ширкат дар Ҷоми Осиё-2022 22 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 2 ҳамлагар шомил карда шуд.

Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1-ум то 19-уми июн дар Узбекистон баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» бозӣ мекунад. Ҳарифони дастаи мо тимҳои Арабистони Саудӣ (3 июн), Амороти Муттаҳидаи Араб (6 июн) ва Ҷопон (9 июн) мебошанд.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозии худро дар ин мусобиқот рӯзи 3 июн бо тими Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Локомотив»-и Тошканд баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мешавад.

Ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) барои ширкат дар Ҷоми Осиё-2022:

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Аҳлиддин Ҳабибуллоев («Файзканд»);

Ҳимоятгарон: Наимҷон Иброҳимзода, Алишер Баротов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Муҳаммадҷон Насков, Фирдавс Алиназаров (ҳарду аз «Хатлон»), Эмомалӣ Аҳмадхон, Шоҳрух Сангов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Ҳусейн Нурматов («Истаравшан»), Оятулло Сафаров («Файзканд»);

Нимҳимоятгарон: Амадонӣ Камолов («Райо Маҳадаонда», Испания), Шарифбек Раҳматов («Тӯрон», Ӯзбекистон), Ислом Зоиров («Истиқлол»), Кароматулло Саидов, Далер Ёдгоров, Сорбон Авғонов (ҳама аз «Хуҷанд»), Абдулмуъмин Забиров («Эсхата»), Умарҷон Шарифов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов (КМВА);

Ҳамлагарон: Муҳаммадалӣ Азизбоев («Хуҷанд»), Сунатулло Исмоилов («Хатлон»).

Ҳайати роҳбарикунанда: Салоҳиддин Ғафуров – сардори ҳайат, Аслиддин Ҳабибуллоев – иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ, Раҳматулло Фузайлов – мураббӣ, Юсуф Рабиев – мураббӣ, Фаррух Марофиев – мураббӣ-таҳлилгар, Меҳвар Сулаймонов – мураббии дарвозабонҳо, Беҳрӯзи Айниддинзода – менеҷер, Бахтиёр Маҷидов – мудир, Абдусаттор Қаландаров – табиб, Ҳабибулло Доров – масҳгар.