Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БА ШАРАФИ МУРОДҶОН ТӮЙЧИЕВ МУСОБИҚА БАРГУЗОР ШУД

БА ШАРАФИ МУРОДҶОН ТӮЙЧИЕВ МУСОБИҚА БАРГУЗОР ШУД БА ШАРАФИ МУРОДҶОН ТӮЙЧИЕВ МУСОБИҚА БАРГУЗОР ШУД БА ШАРАФИ МУРОДҶОН ТӮЙЧИЕВ МУСОБИҚА БАРГУЗОР ШУД

30.05.2022

: 344

21-22 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Истаравшан ба шарафи устоди варзишии дараҷаи байнаймилалӣ Муродҷон Тӯйчиев мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ баргузор гардид.

Дар мусобиқа варзишгарон аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок намуда, дар 10 вазн қувваозмоӣ намуданд.

Бояд қайд намуд, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли дуюм аст, ки мусобиқаҳои варзишии гуногун ба шарафи варзишгарони маъруфи кишвар доир карда мешавад.

Дар вазни 55кг Нодир Сангов аз дастаи Хатлон ғолиб шуд. Дар вазнҳои 60кг - Асламҷон Азизов, 67кг - Исоҷон Нураҳмадзода, 77кг - Ҳаким Зуҳуров, 82кг – Султон Саидзода, 87кг – Суҳроб Абдулҳаев аз Душанбе беҳтарин буданд. Намояндагони вилояти Суғд Исмоил Абдулҳаев дар вазни 63кг, Шероз Очилов дар вазни 72кг, Шараф Файзиев дар вазни 97кг ва Амир Ҷӯраев дар вазни 130кг пирӯзӣ ба даст оварданд.

Муродҷон Тӯйчиев 17 апрели соли 1982 дар шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст. Ӯ дар гуштини юнонӣ-римӣ медали биринҷии Бозиҳои Осиё (2010, Гуанжоу), 4 медали биринҷии Чемпионати Осиёро (2007-Бишкек, 2010-Деҳлӣ, 2012-Куми, 2015-Доҳа) сазовор гардидааст.

Ғолибони мусобиқа бо диплом, медал, ҷом ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.