Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“ИСТИҚЛОЛ” ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ КФО-2022-РО БО ҒАЛАБА ҶАМЪБАСТ НАМУД

28.04.2022

: 373

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 дар гурӯҳи «А» бар бошгоҳи «Шарҷа»-и АМА бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Голҳоро Эрик Бокум ва Владислав Касминин заданд.

Ҳамин тариқ, “Истиқлол” бо се хол дар гурӯҳ ҷои чорумро гирифт ва аз идомаи бозиҳо маҳрум гардид.

Аз гурӯҳи “А” дастаҳои “Ал Ҳилол” (Арабистони Саудӣ) ва “Райян” (Қатар) ба даври ҳаштякфинал роҳ ёфтанд. Дар минтақаи Ғарб, инчунин дастаҳои “Ал-Шабоб” (Арабистони Саудӣ), “Фулод” (Эрон), “Шабоб Ал-Аҳлӣ” (АМА), “Ал-Дуҳайл” (Қатар), “Ал-Файсалӣ” (Арабистони Саудӣ) ва “Насаф” (Узбекистон) ба даври дигар баромаданд.