Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

КБО ВА СИНГАПУР ФЕСТИВАЛИ ОЛИМПИИ ВАРЗИШИ ЭЛКТРОНИРО ДОИР ХОҲАНД КАРД

29.04.2022

: 374

КБО ва Сингапур дар аввали соли 2023 баргузории аввалин Фестивали олимпии варзиши электрониро баррасӣ мекунанд.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) ва Кумитаи миллии олимпии Сингапур имкони баргузории фестивалро дар аввали соли 2023 меомӯзанд. Он муваффақияти аввалин силсилаи виртуалии олимпӣ (OVS) дар 2021 ва тақвият додани Сингапур ҳамчун яке аз пешсафони варзиши электронӣ хоҳад буд.

Ҳавасмандгардонии рушди варзишҳои электронӣ як ҳадафи асосии Рӯзномаи олимпии 2020+5 мебошад. Асоси он силсилаи виртуалии олимпӣ аст, ки дар соли 2021 оғоз ёфт ва 250 000 иштирокчӣ, намояндагони беш аз 100 кишвари ҷаҳонро ҷалб кард.

Пас аз ин муваффақият, КБО таҳияи OVS-ро бо ҳадафи таъсиси як чорабинии солона идома медиҳад. Пешниҳод аз ҷониби Шӯрои иҷроияи КБО дар моҳи декабри соли 2021 тасдиқ шуд ва OVS-и навбатӣ охири соли 2022 ба нақша гирифта шудааст ва финали он аввали соли 2023 баргузор мешавад.