Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ОМОДАГӢ БА ОЛИМПИАДАИ ПАРИЖ-2024

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ОМОДАГӢ БА ОЛИМПИАДАИ ПАРИЖ-2024 БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ОМОДАГӢ БА ОЛИМПИАДАИ ПАРИЖ-2024 БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ОМОДАГӢ БА ОЛИМПИАДАИ ПАРИЖ-2024 БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ОМОДАГӢ БА ОЛИМПИАДАИ ПАРИЖ-2024

16.04.2022

: 432

15 апрел дар Кумитаи миллии олимпии олимпии Тоҷикистон, таҳти раёсати ноиби Президенти Кумита Раҳмонзода Абдулло, ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 баргузор шуд.

Дар ҷаласа масъулони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, намояндагони федератсияҳои миллии варзишӣ ва мактабҳои варзишӣ иштирок карданд.

Раҳмонзода Абдулло ба иштирокчиёни ҷаласа дар аввал оид ба Бозиҳои олимпии Париж маълумот дода, сипас масъалаҳои омодагии дастаҳои мунтахаб, таҳияи нақшаҳои омодагӣ, татбиқи босамари нақшаҳои сеҷонибаи маблағгузорӣ ва ҷалби сарпарастон баррасӣ шуданд.

Қайд гардид, ки ХХХIII Бозиҳои Олимпиада аз 26 июл то 11 августи соли 2024 дар шаҳри Париж баргузор мегардад. Барномаи Бозиҳои олимпӣ аз 32 намуди варзиш ва 306 мусобиқаи варзишӣ иборат мебошад. Тоҷикистон аз соли 1996 дар Бозиҳои олимпии тобистона иштирок мекунад. Дар 7 олимпиадаи гузашта 68 варзишгари тоҷикистонӣ аз рӯи 11 намуди варзиш: бокс (13 нафар), гуштини озод (9), ҷудо (14), гуштини юнонӣ-румӣ (1), варзиши сабук (12), шиноварӣ (9), ҷаҳиш ба об (2), тирпаронӣ (3), камонварӣ (2), вазнбардорӣ (1), таеквондо WT (2 нафар) иштирок карда, 4 медал – 1 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ ба даст оварданд.

- Аз оғози соли 2022 нақшаҳои сеҷонибаи маблағгузории дастаҳои мунтахаб миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва федератсияҳои варзишии намудҳои ҷудо, бокс, варзиши сабук, қайиқронӣ ва гуштини тарзи озоду юнонӣ-римӣ ба имзо расид, ки дар асоси он сарчашмаи маблағгузории ҳайати дастаҳо ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ҷамъомадҳои машқӣ-таълимӣ муайян гардидааст. Ҳамчунин номзадии 17 варзишгар ҷиҳати бархурдор шудан аз дастгирии молиявии Ҳамбастагии олимпӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 тасдиқ гардида, ба онҳо ҳар моҳ дар умум 7500 доллари ИМА ҷудо карда мешавад – иброз намуд Раҳмонзода А. – вале мо бояд бо ин иктифо накарда, дар пайи ҷалби сарпарастон бошем, то тавонем варзишгаронро аз ҷиҳати моливу моддӣ дастгирӣ кунем ва онҳоро ба ҷамъомадҳои тамринии хориҷ аз кишвар ва мусобиқаҳои байналмилалӣ фиристем.

Ҳамчунин, иштирокчиён бо меъёрҳои интихоби варзишгарон ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 шинос карда шуданд.