Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БОХТИ СЕЮМИ “ИСТИҚЛОЛ” ДАР ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ-2022

16.04.2022

: 392

Чемпиони Тоҷикистон - тими «Истиқлол»-и Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2022 дар гурӯҳи “А” дучори бохти сеюм шуд.

Дастаи Виталий Левченко дар даври сеюм аз ғолиби феълии мусобиқа, тими «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:1 ноком гардид. Муаллифи голи ягона дар дақиқаи 52-ум Салмон Ал-Фараҷ шуд.

Дар бозии дигари гурӯҳ дастаҳои “Шарҷа” (АМА) ва “Ал Райян” (Қатар) мусовӣ (1:1) бозӣ карданд.

«Истиқлол» бозии навбатии худро дар ин мусобиқаи бошукӯҳ 19 апрел баргузор мекунад. Рақиби дастаи Душанбе боз «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ мебошад.