Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ШУРУЪ ШУД

04.04.2022

: 390

Бо чор бозии даври якум мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ оғоз гардид.

Дар даври аввал чордаҳ гол зада шуд. Ҳисоби калон дар бозӣ миёни тимҳои “Файзканд” – “Истаравшан” ба қайд гирифта шуд. Футболбозони истаравшанӣ ба дарвозаи тими Восеъ 5 голи беҷавоб заданд. Муаллифи аввалин гол дар мавсими 2022 легионери камерунии “Истаравшан” Мбеке Сиябатчу Деудонӣ гардид.

Бозӣ миёни ду дастаи нави лигаи олӣ – “Регар-ТадАЗ” ва “Равшан”-и Зафаробод мусовӣ – 2:2 анҷом ёфт.

Дар дербии Суғд миёни “Эсхата” ва “Хуҷанд” бонкчиҳо ғалаба карданд – 1:0. Дар дербии Хатлон бошад, “Хатлон” бар “Равшан”-и Кӯлоб пирӯз шуд – 3:1.

Бозиҳои даври дуюм 8-10 апрел баргузор мешаванд. 8 апрел «Эсхата» бо «Файзканд», 9 апрел «Истаравшан» бо «Хатлон», 10 апрел «Хуҷанд» бо «Равшан» (Зафаробод) ва КМВА бо «Регар-ТадАЗ» вомехуранд.